Ба гузориши икно, шурои олии амнияти милли эълом кард: Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Муаззами Инқилоб дар таҷовузи амрикоӣ, саҳюнистӣ ба Эрон, субҳи рӯзи шанбе ба шаҳодат расиданд.
Ишон дар лаҳзаи шаҳодат дар маҳалли кори хеш (дафтари корашон) ҳузур доштанд, ки ин ҳамлаи ноҷавонмардона дар соатҳои авлияи субҳи шанбе рух дода аст
Шурои олии амнияти миллӣ дар ин замина баёнияи ба ин шарҳ содир кардааст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованд бахшандаи меҳрубон
Рӯҳи баланди пешвои миллати бузурги Эрон ва озодихҳони ҷаҳон ва уммати исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба малакути аъло пайваст ва ба орзӯи деринаи хеш расид ва бо таъассӣ аз ҷадди бузургвораш Имом Алӣ (а) дар моҳи мубораки Рамазон бо сар додани нидои осмонӣ “фузту ва раъбул Каъба” ба соҳати муқаддаси илоҳӣ восил гардид ва шаҳди гуворои шаҳодатро дар ин моҳи муборак нуш намуд.
Имрӯз миллати бузурги Эрон ва уммати исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон ва ба ҷиҳати ҳамлаҳои шариронаи Амрикои ҷинояткор ва саҳюнистҳои нобакор доғдоранд аммо душманони саффок ва дузахиёни ситамкори байналмилалӣ бидонанд бедордилони ҷаҳон роҳи худро ёфтаанд ва ин шаҳодатҳо ҳар чанд барои миллати мо ва милали исломӣ гарон бошад аммо ононро муқовимтар ва мусаммамтар мегардонад ва бе тардид шаҳодати он шахси ъазимушшаън оғозгари хезиши бузург дар мубориза бо ситамгарони олам хоҳад буд.
Шурои олии амнияти миллӣ
Ҳайати давлат ба муносибати ин ҳодисаи ҷонсӯз, 40 рӯз азои умумӣ ва 7 рӯз таътили умумӣ эълом кард.
342/
Your Comment